Баргузории вохурии иттилоотӣ дар ноҳияи Восеъ

 Баргузории вохурии иттилоотӣ дар ноҳияи Восеъ

1 октябри соли 2021 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон вохурии иттилоотӣ баргузор гардид. Ин вохурӣ дар Коллечи тиббии ноҳияи Восеъ баргузор гардид. Дар он зиёда аз 150 нафар донишҷўён ва устодони муассиса иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ дар ҳамбастагӣ бо котиби иҷроияи бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Восеъ Разоќова Паримоҳ дар бораи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус баромадҳои мухтасар доир намуда, ба саволҳои сершумори донишҷӯён посухҳои мушаххас доданд.
Яке аз иштирокчии фаъоли ин литсей Каримова Хамида баъди вохурӣ иброз намуд, ки бори аввал дар бораи ин ташкилоти башардўст ба таври муфассал маълумот гирифта, дар оянда нияти ихтиёрии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дошта, мехоҳад ба мардуми ниёзманди ноҳияи Восеъ кўмак намояд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 02 октябри соли 2021

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН