Баргузории вохуриҳои иттилоотӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров

 Баргузории вохуриҳои иттилоотӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров

20 январи соли 2021 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд вохурии иттилоотӣ баргузор гардид. Дар нимаи аввали рўз аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуќуќи байналмилалии башардустии ҶҲАТ дар ҳамбастагӣ бо Раъно Камолова, танзимгари барномаҳо дар вилояти Суғд вохурӣ бо 10 нафар волонтёрони фаъоли бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Б. Ғафуров ташкил карда шуданд. Дар ин вохурӣ намояндагони ҶҲАТ оид ба фаъолияти бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Б. Ғафуров ва волонтерон шинос гардида, вобаста ба мавзуҳои гуногун саволу ҷавоб намуданд. Волонтёрон дар навбати худ пешниҳодоти худро оид ба беҳтар намудани фаъолияти онҳо ва ҳавасмандии онҳо пешниҳод намуданд.
Дар нимаи дуюми рўз, вохурӣ бо 80 нафар донишҷўёни гимназияи раќами 1-и ба номи Абдурасул Нозирови ноҳияи Б. Ғафуров баргузор гардид. Дар вохури аз ҷониби Нодир Аминзода ва Раъно Камолова оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳои мухтасар доир намуда, ба саволҳои сершумори донишҷўён посухҳои мушаххас доданд.
Талабагони ин гимназия дар охир хоҳиши шомил шудан ба сафи ихтиёриёни ҶҲАТ намуданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 26 январи соли 2021

МАТОЛИБИ ҲАМСОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *