Баргузории вохурихои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирус дар ноҳияи Рашт

 Баргузории вохурихои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирус дар ноҳияи Рашт

Имрўзҳо дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус (COVID-19), ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ паҳн гардидааст, баргузор менамояд. Ҳафтаи равон чунин чорабиниҳо дар шаҳру ноҳияҳои интихобии вилояти Суғд, ВМКБ, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор мегарданд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҶҲАТ дар доираи лоиҳаи нав оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус (COVID-19), 30 апрели соли 2020 кормандони масъули Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (RCST) дар ноҳияи Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи иттилоотӣ доир намуданд.
Дар ин ҷаласа 20 ихтиёрии интихобшуда аз ҷамоатҳои гуногуни ноҳияи Рашт ва намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солимии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ аз бемории коронавирус (COVID-19) иштирок карданд.
Ҷаласаро Аминзода Нодир, мутахасси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ноҳияи Рашт баргузор намуданд.
Ҳамаи 20 ихтиёрёни нави интихобшудаи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар бораи роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз бемории коронавирус дониши зарурӣ гирифтанд. Ин ихтиёриёни омӯзонидашуда минбаъд ба мактаббачагон ва аҳолии водии Рашт дар ҷамоатҳои мақсаднок маълумот хоҳанд дод.
Аминзода Нодир қайд намуд, ки тибқи нақшаи баргузории ин чорабиниҳо ҳар як ихтиёрии омӯзонидашуда дар як рўз ба 10 хонандаи мактаб ва 16 нафар аҳолии ҷомеа вохуриҳои иттилоотӣ оид ба мавзуи дар боло зикршуда, хоҳанд гузаронид. Ин вохуриҳои иттилоотӣ бояд аз ҷониби ҳар як волонтёр дар тӯли 70 рӯз бофарогирии 1820 нафар (700 хонанда ва 1120 аҳолии ҷомеа) гузаронида шаванд.
Бояд қайд намуд, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC)дар 32 шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути 640 нафар ихтиёриёни омӯзонидашуда дар давоми 70 рӯз ҷаласаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирус (COVID-19) баргузор менамоянд. Дар маҷмӯъ ин 640 ихтиёриёни нав 1 164 800 нафар аҳолии кишварро фаро мегиранд.

Нодир Аминзода, масъули иттилоот
ва ҳуқуқи байналмилалии башардўстии
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон
30 апрели соли 2020

МАТОЛИБИ ҲАМСОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *