Баргузории вохуриҳо дар вилояти Суғд

 Баргузории вохуриҳо дар вилояти Суғд

Мутобиқи лоиҳаи “Аутрич ва зўроварӣ нисбати занону духтарон (VAWG) ва дастгирии хизматрасониҳо дар самти COVID-19” Аминзода Нодир ба вилояти Суғд сафари корӣ намуд.
Зимни сафар ба вилояти Суғд Аминзода Нодир ба шаҳрҳои Исфара, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғаурови вилояти Суғд ташриф овард.
Дар шаҳри Исфара Аминзода бо котиби бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмати Тоҷикистон Алиматова Меҳрӣ, волонтёрони лоиҳа, намояндагони масъули Иттиҳодияи ҷамъиятии “Умед”, намояндагони Кумитаи занон ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Исфара вохурӣ намуд. Вохуриҳо бисёр ҷолиб гузашта, ба масъулин ҳамаи шартҳо ва талаботҳои сарпарастони лоиҳа фаҳмонда дода шуданд.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ чунин вохуриҳо бо масъулини соҳа баргузор гардид.
Дар шаҳри Хуҷанд вохурӣ бо котиби иҷрояи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода ва намояндагони масъули Иттиҳодияи ҷамъиятии “Гулрухсор”, ки шарики ҳамкор дар иҷрои лоиҳа муаяйн шудааст, вохурии судманд баргузор гардид.
Умуман сафар ба вилояти Суғд ва баргузории якқатор чорабиниҳо муфид ва судманд баҳогузорӣ мегардад.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 30 июли соли 2020

МАТОЛИБИ ҲАМСОН