Баргузории вохурӣ оид ба нақшагирии барномаҳо

 Баргузории вохурӣ оид ба нақшагирии барномаҳо

10-11 феврали соли 2021 дар толори меҳмонхонаи Серена, воқеъ дар шаҳри Душанбе вохурӣ оид ба нақшагирии барномаҳое, ки аз ҷониби Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) маблағгузорӣ мегарданд ва аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, баргузор гардид.
Дар вохурӣ тамоми ҳамоҳангсозони барномаҳое, ки аз ҷониби КБСС маблағгузорӣ мегарданд ва ҳамчунин кормандони масъули КБСС ва ҶҲАТ иштирок намуданд.
Вохурӣ бо суханони ифтитоҳии Ангелина Шапп, сардори намояндагии КБММ дар Тоҷикистон ва Дилором Мирова, муовини Котиби генералии ҶҲАТ оғоз гардиданд.
Хонум Ангелина Шапп ба иштирокчиён дар бораи фаъолияти КБСС дар ҷаҳон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва нақшаҳо дар соли 2021 баромади мухтасар бо факту далелҳои оморӣ намуд.
Сипас, Мирова Дилором оид ба фаъолияти ҶҲАТ дар соли 2020 ва нақшаҳо барои соли 2021 баромад намуд.
Баъди баромади роҳбарияти КБСС ва ҶҲАТ ҳамоҳангсозони барномаҳо бо навбат оид ба фаъолияти барномаҳо дар соли 2020 ва нақшаҳо дар соли 2021 баромад намуданд.
Дар вохурӣ ҳамчунин танзимгарони минақавии барномаҳо дар вилояти Суғд, ВМКБ, минтақаҳои Бохтару Кўлоб, Рашт ва Душанбе баромад намуданд.
Дар охир намояндагони КБСС ва ҶҲАТ оид ба беҳтар намудани фаъолияти барномаҳо дар соли 2021 пешниҳоду баромадҳо доир намуданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 12 феврали соли 2021

МАТОЛИБИ ҲАМСОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *