Баргузории семинари омузишӣ дар шаҳри Ваҳдат

 Баргузории семинари омузишӣ дар шаҳри Ваҳдат

8 июни соли 2021 аз ҷониби барномаи “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” дар ҳамкорӣ бо барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) семинари омузишӣ дар шаҳри Ваҳдат ташкил карда шуд. Дар ин семинар 15 нафар намояндагони диаспораи афғон ва намояндагони ҷомеа иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва аломатҳои он презентатсия бо пахши филми мустанади соҳавӣ доир намуд.
Сипас Зулфия Нуралиева оид ба фаъолияти барномаи “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” ба ҳозирин презентатсия намуд.
Санаи 9 ва 10 июни соли 2021 баргузории чунин чорабинӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Файзобод дар назар аст.

 


Маркази иттилооти ҶҲАТ, 08 июни соли 2021

МАТОЛИБИ ҲАМСОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *