БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАШАРДӮСТӢ

 БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАШАРДӮСТӢ

8-11 ноябри соли 2020 дар осоишгоҳи “Хоҷа-оби-гарм”-и ноҳияи Варзоб аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 35 нафар омӯзгорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар оѓози семинар Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар бораи Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба иштирокдорони семинар маълумоти муфассал дод ва дар робита ба мавзӯҳои матраҳгардида, филмҳои мустанади соҳавӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Сипас, Саидумар Раҷабов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳовиддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ баромад намуд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд барпо гардида, дар он ҳамчунин намояндаи Институти бозомузии омӯзгорони Вазорати маориф ва илми ҶТ иштирок намуд. Бояд гуфт, дар рафти семинар иштирокчиён аз ташкилкунандагони чорабинӣ хоҳиш намуданд, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ бештар барпо гарданд ва омӯзгорон тавонанд сатҳи дониши худро дар самти ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ баланд бардоранд.

Нодир Аминзода, масъули иттилооти ҶҲАТ, 11 ноябри соли 2020

МАТОЛИБИ ҲАМСОН