Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ дар 9 моҳи соли 2021

 Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ дар 9 моҳи соли 2021

20 октябри соли 2021 дар толори Анри Дюнани Дастгоҳи Иҷроияи Кумитаи Марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷаласаи чамъбасти фаъолияти ҶҲАТ дар нуҳмоҳаи соли 2021 бо иштироки роҳбарияти ҶҲАТ, роҳбарияти бахшҳои вилояти Суғд, ВМКБ, минтақаҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони ҷамъият баргузор гардид.
Ҷаласаро Қурбониён Баҳодур, котиби генералии ҶҲАТ ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, вобаста ба ҳисоботи ҶҲАТ дар нӯҳмоҳаи соли 2021 муовини котиби генералии ҶҲАТ Файзлизода Нурулло баромад намуд.
Баъди баррасӣ ва муҳокимаҳо Котиби генералии ҶҲАТ ба бахшҳои вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баъзе пешниҳоду супоришҳо дод.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш. Душанбе, 20 октябри соли 2021

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН