Барномаи «Огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо»

 Барномаи «Огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо»

Барномаи«Огоҳкунии Аҳолӣ аз Хатари Минаҳо» (ОАХМ) барномаи омўзишӣ буда, баҳри коҳиш додани шумораи ҳодисаҳо аз таркиши минаҳо, лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ ва паст намудани сатҳи хатари минаҳо  равона шудааст.

Барнома аз тариқи гузаронидани тренингҳо, омузишҳо, фаҳмонида додани қоидаҳои рафтори бехавф дар минтақаҳои минадор, паҳн намудани варақаҳои иттилооти, гузаронидани озмун миёни хонандагон  амали шуда, барои баланд бардоштани огоҳии мардум роҷеъ ба хатари минаҳо саҳмгузори асосӣ мебошад.

Огоҳсозӣ – яке аз панҷ самти асосии амалиёти зидди минаҳо мебошад, ки дар ҷамъи иттилоот, табодули он, фаҳмонида додани рафтори бехавф ва кам намудани зарари иқтисодӣ мусоидат мекунад. Шумораи волонтёроне, ки дар барнома ҷалб шудаанд 38 нафарро ташкил мекунад. Барнома дар 23 ноҳия амали мегардад.

Фарогирии барнома:

Хатлон:10 ноҳия (Шаҳритус, Панҷ, Дусти, Ҷайҳун, Қабодиён, Хуросон, Ҳамадонӣ, Муминобод, Ш. Шоҳин ва Фархор) .

Суғд: 7 ноҳия (Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Ашт, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, ва Исфара)

Бадахшон: 2 ноҳия (Ванч, Дарвоз)

Ноҳияҳои тобеъи марказ:4 ноҳияҳои(Сангвор, Тоҷикобод, Рашт ва Лахш)

Барномаи «Огоҳкунии Аҳолӣ аз Хатари Минаҳо» аз тарафи  (КБСС)  кумаки молию маълумотӣ гирифта, дар ҳамкори зич бо Муассисаи давлатии Маркази миллииТоҷикистонӣ оид ба масъалаҳои минаҳо (ММТММ)фаъолият мекунад.

Дастовардҳо дар соли 2020:

  • Паҳн намудани зиёда аз 10000 маводҳои иттилоотӣ оиди Хатари минаҳо.,
  • Фарогирии аҳолӣ зиёда аз 27 ҳазор нафар дар соли 2020.,
  • Омузиши 20 нафар волонтёрони барномаи огоҳсозӣ дар соли 2020.
  • Гузаронидани мизҳои мудаввар дар доираи барнома.,
  • Гузаронидани озмуни расмкашӣ ва иншо дар 17 ноҳияҳои мақсаднок.,
  • Таъмин намудани 5 дона планшет ба бахшҳои ҶҲАТ дар минтақаҳо.,
  • Ҷалби 38 волонтёрони барнома дар гурӯҳи кории техникӣ оиди кӯмак ба ҷабрдидагони мина аз 23 ноҳияҳои мақсаднок.

МАТОЛИБИ ҲАМСОН