Иштироки роҳбарият ва волонтёрони ҶҲАТ дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Ҳисор

 Иштироки роҳбарият ва волонтёрони ҶҲАТ дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Ҳисор

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар баробари фаъолияти башардӯстона инчунин ҳамкории созандаро дар самти ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, созмону ташкилотҳо ва сафоратҳои муқими Тоҷикистон хуб ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад 24 март дар натиҷаи гуфтушунид ва тавофуқоти бадастомадаи роҳбарияти ҶҲАТ ва Сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд.

Дар ин маърака муовини Котиби генералии ҶҲАТ Дилором Мирова, Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар иштирок намуданд.

Дар доираи маъракаи мазкур дар мавзеи Шоҳамбарии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ бо дастгирии Сафорати Туркия дар Тоҷикистон бо нияти нек аз ҷониби волонтёрони Ҷамъият беш аз 270 адад ниҳолҳои арча шинонида шуданд.

Зимни маърака гуфта шуд, ки ниҳолҳои сарсабзи арча дар ин мавзеъ ба хотири ҳифзи сарсабзии сайёра ва муҳити зист, таҳкими дӯстию равобити ҷовидон байни халқу миллатҳоямон шинонида мешаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ин аввалин иқдом набуда, Сафорати Туркия тасмим гирифтааст, минбаъд низ дар сарсабзу зебо гардонидани гӯшаҳои Тоҷикистон, бахусус шаҳри Ҳисор саҳм гузорад.

МАТОЛИБИ ҲАМСОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *