Кумаки хайриявии рамазонии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ба 300 оила тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

 Кумаки хайриявии рамазонии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ба 300 оила тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Имрӯз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар (ҶҲАҚ) ба 300 нафар кумаки хайриявии рамазонӣ дар шакли бастаи маводи хӯрока расонид.

Бастаи маводи хӯрока аз орд (50 кг), равғани растанӣ (3 л) ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал (16,4 кг) иборат буда, тавассути кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ ба Филиали ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон» (100 баста), Ассотсиатсияи дерматовенерологҳо ва косметологҳои Тоҷикистон (50 баста), Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Сипарони Ватан»-и ноҳияи Данғара (20 баста), Мактаб-интернати хонандагони лаёқатманди ноҳияи Восеъ (20 баста), ноҳияи Рӯдакӣ (20 баста), ноҳияи Ёвон (20 баста), муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳӣ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов (15 баста) ва ба 55 нафар шаҳрвандон дар асоси аризаи пешниҳодкардаашон расонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҶҲАҚ яке аз шарикони боэътимоди ҶҲАТ ба ҳисоб рафта, дар доираи татбиқи лоиҳаи дигар рӯзҳои наздик расонидани кумаки башардӯстона дар шакли бастаҳои сару либос, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва кампалҳо ба 150 оила дар ноҳияҳои Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин ва Тавилдара дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дастгирии ниёзмандон, аз ҷумла маъюбон, маризон, пиронсолони яккаву танҳо, ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти башардӯстонаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хисоб рафта, Ҷамъият дар ин самт ҳамеша барои дастгирии онҳо чораҳои саривақтӣ меандешад.

ДАР АКС: Рафти тақсимоти кумак ба нобиноён дар Филиали ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон».

Маркази иттилооти ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 27 апрели соли 2022

МАТОЛИБИ ҲАМСОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *