Кумаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хонаи кўдакони шаҳри Душанбе

 Кумаки Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба хонаи кўдакони  шаҳри Душанбе

Дастгирии ятимону ниёзмандон яке аз ҳадафҳои асосии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф субҳи имрўз, яъне 30 декабри соли 2020 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) иқдоми хайриявиро ҷиҳати дастгирии ниёзмандони кишвар дар Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кўдаки №2-и шаҳри Душанбе амалӣ намуд.
ҶҲАТ дар оғоз барномаи фарњангиву фароғатиро бо иштироки њунармандони Филармонияи давлатии кўдакони шаҳри Душанбе барои кўдакон ташкил намуд. Дар ин барнома ҳунармандон бо таронањои ҷолиб ва барномаи фарњангӣ хотири кўдаконро шод намуданд. Сипас, дар ҷамъбасти иқдом аз номи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон котиби генералии ҶҲАТ кўдаконро бо Соли нави мелодӣ табрик намуда ба кўдакон тўҳфаҳои соли навӣ, бастаҳои гигенӣ, ва лавозимоти хониш тақдим намуд.
Бояд қайд намуд, дар Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кўдаки №2-и шаҳри Душанбе 70 нафар кўдакони ятими шаҳри Душанбе фаро гирифта шудаанд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, ш.Душанбе, 30 декабри соли 2020

МАТОЛИБИ ҲАМСОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *