Кӯмаки башардӯстона ба миқдори 1900 сомонӣ

 Кӯмаки башардӯстона ба миқдори 1900 сомонӣ

 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар чорчубаи барномаи “Вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода” ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии шимоли Тоҷикистон, ки дар натиҷаи муноқишаҳои ахири марзӣ зарар диданд, кумаки башардӯстона расонид. Бояд гуфт, кӯмаки башардустона бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) амалӣ гардид. Аз ҷумла дар шаҳри Исфара 190 оила ва ноҳияи Ҷ.Расулов 60 оила кӯмаки нақди барои ҳар як оила ба маблағи 1900 сомонӣ расонида шуд. Инчунин 950 баста маҷмӯаи гигиенӣ ба аҳолии зарардида дар ҷамоатҳои Сурх, Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара, Қурғонча ва Зарафшони ноҳияи Ҷ. Расулов тақсим карда шуд.
Ғайр аз ин, кормандон ва ихтиёриёни омӯхташудаи Ҳилоли Аҳмар ба 4147 одамони азиятдида кӯмаки психологию иҷтимоӣ расониданд.
Инчунин, дар байни аҳолӣ, хусусан кӯдакон, дар бораи зуроварӣ, хушунат, ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон ва дастрасии онҳо ба бурдани арзу шикоятҳо корҳои фаҳмондадиҳи гузаронида шуд.

МАТОЛИБИ ҲАМСОН