Оғози лоиҳаи нави Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

 Оғози лоиҳаи нави Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

Санаи 21 октябри соли 2020 дар толори Анри Дюнани ҶҲАТ нишасти муқаддимавӣ оид ба кушодашавии лоиҳаи “Мустаҳкамкунии иқтидори маҳалҳои осебпазир тавассути чораҳои коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи маҳал дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби барномаи коҳиши хавфи офатҳои табиии Созмони миллаи муттаҳид (КХОТ СММ) тавассути Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои салиби сурх ва ҳилоли аҳмар (Федератсия) дастгирӣ меёбад.
Ин лоиҳа ба муддати як сол дар 10 маҳалҳои зери офати табиӣ қарордоштаи ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт ва шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор амалӣ мегардад. Дар вохурии мазкур 32 нафар аз ҷумлаи Котиби генералии ҶҲАТ, сардори шуъбаи Ҳолатҳои фавқулода ва ҳамоҳангсози лоиҳа, котибони иҷроияҳои бахшҳои ҶҲАТ дар якҷоягӣ бо раисони 10 маҳалҳои шаҳру ноҳияҳои фарогири лоиҳа, намояндаи Федератсия ва лоиҳаи КХОТ СММ, кормандони ситодҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони шуъбаҳоии маорифи маҳалҳо дар ноҳияҳо ва шаҳрҳои болозикршуда иштирок намуданд.
Мақсади асосии вохурии мазкур ин оғози лоиҳа буда, ба иштирокчиён ҳама паҳлуҳои он пурра шинос намуда шуд. Мақсади асосии лоиҳа ин баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ва роҳҳои паст кардани коҳиши хавфи он буд. Тавассути лоиҳаи мазкур дар 10 маҳалҳои зери хатар қарордошта кумитаиҳои маҳал оид ба ҳолатҳои фавқулода ташкил гардида пас аз анҷоми лоиҳа онҳо дар сохтори ҶҲАТ ҳамчун ташкилотҳои ибтидоӣ кори худро идома хоҳанд дод.
Дар рафти чорабинӣ  Қурбониён Баҳодур, Котиби генералии ҶҲАТ, Хоҷаев Шуҳратмирзо, намояндаи Федератсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодиров Дилшод, корманди Созмони миллали муттаҳид оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуки байналмилалии башардўстии ҶҲАТ ва Умедалӣ Сайдуниев, ҳамоҳангсози ин лоиҳаи ҶҲАТ баромад намуданд.

—————————————————————————————————————

  On October 21, 2020 in Henry Dunant hall of the RCST was conducted DRR project “Strengthening the resilience of vulnerable communities through community-based disaster risk reduction (CBDRR) measures in Central Asia” introduction meeting for targeted NS branches, local authority’s, community leaders and stakeholders (with participation of NS stakeholders as Ministry of Education and Science, REACT Secretariat and CoES). The Project is being supported by UN DRR through IFRC in 5 countries of Central Asia and implemented by 5 CA National Red Crescent Societies.

The DRR Project is planned to be implemented during one year in the 10 most prone to natural disaster communities in Shahrinav and Rasht districts as well as Hissor, Tursunzoda and Vahdat towns. In the meeting participated 32 participants including RCST Secretary General, RCST Disaster Management Head of Department and Project Coordinator, RCST branches Executive Secretaries as well as Community leaders from 10 target communities, IFRC Country Representative in Tajikistan and UN DRR Project Coordinator in Tajikistan, CoES Staff from target districts and towns and representatives from the branches of Ministry of Education and Science, Republic of Tajikistan.

The main purpose of the meeting was to perform in detail project activities and discuss the ways of coordinated activities. The main purpose of the Project is to raise awareness of local population in the field of DRR and to decrease the threats of natural disasters. Through the project in 10 target communities, will be established Local Disaster Management Committees (LDMCs) which will be transformed into the Primary Organizations (POs) of RCST afterwards. The established POs are the main tool of RCST Project sustainability in each Project. In the meeting some notes were done from the representative of IFRC office in Tajikistan, UN DRR Project Coordinator, RCST Communication Officer and RCST Project Coordinator.

                                                  Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 22 октяби соли 2020

МАТОЛИБИ ҲАМСОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *