Семинари омӯзишӣ оид ба Пешгирии хушунати хонаводагӣ

 Семинари омӯзишӣ оид ба Пешгирии хушунати хонаводагӣ

 Санаҳои 16 ва 17 сентябри соли равон дар Маркази рушди инноватсионии “Садаф” семинарии омӯзишӣ оид ба Пешгирии хушунати хонаводагӣ ва дастрасии занону духтарон, маъюбон” дар чорчӯбаи лоиҳаи “Аутрич ва зӯроварӣ нисбати занону духтарон (VAWG) ва дастрасии хидматрасониҳо дар самти COVID-19 аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар семинари мазкур 25 нафар волонтёрон ширкат варзиданд. Мақсад аз гузаронидани ин семинар тренинг баланд бардоштани кор ва фаъолияти волонтёрони лоиҳаи дар боло зикргардида мебошад. Рӯзи аввали семинари мазкурро тренери варзида Зебунисо Шарипова гузаронида ба волонтёрон дар мавзуҳои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, ҷоннок намудани кори волонтёрон дар самти фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби бештари шахсоне, ки ба зӯроварии хонаводагӣ гирифторанд, маълумот дод ва ҳамчунин  дигар масъалаҳои марбут ба хушунати хонаводагиро   таҳлилу  баррасӣ  намуд.
Рӯзи дувум дар якҷоягӣ бо волонтёрон ва аутричҳо кори амалӣ дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ, дар шаҳраки Сомониён гузаронида шуд. Тренер дар якҷоягӣ бо волонтёрон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии COVID-19 ва пешгирии зӯроварии хонаводагӣ миёни занон, маъюбон ва кӯдакон гузаронид.

МАТОЛИБИ ҲАМСОН