Чорабинии таблиғотӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ

 Чорабинии таблиғотӣ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ

Дар Боғи фарҳангиву фароғатии Камоли Хуҷандии вилояти Суғд бахшида ба рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар доираи лоиҳаи “Амал дар асоси пешгӯӣ 2019-2021” чорабинии таблиғотӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сардорону афсарони шӯъба ва бахшҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, 40 нафар волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва донишҷӯёни факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муассисаҳои рассомии бачагона ширкат намуданд.
Ҳамасола дар кишвар санаи 13-уми октябр рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ қайд гирифта мешавад.
Лоиҳаи “Амал дар асоси пешгӯӣ 2019-2021” бо дастгирии ҷамъияти Салиби Сурхи Олмон ва маблағгузории бонки #Олмони Дойчбанк# амалӣ мешавад.
Лоиҳаи мазкур моҳи марти соли 2015 дар конфронси сеюми умумиҷаҳонии СММ оид ба коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар Ҷопон қабул шудааст.
Дар рафти чорабинӣ масъулин оид ба рӯзи байналмилалии коҳиши офатҳои табиӣ, чорабиниҳое, ки дар кишвар дар ин самт ташкил ва гузаронида мешаванд ба иштирокдорон маълумот доданд.
Дар рафти чорабинӣ расонидани ёрии аввалини то тиббӣ ба зарардида, худнаҷотдиҳӣ ва наҷот додани атрофиён амалиётҳо нишон дода шуданд. Ихтиёриён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карданд.
Дар варақаҳои иттилоотӣ оид ба чӣ тавр огоҳ ва пешгирӣ кардани аҳолӣ ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ, расонидани ёрии аввалини то тиббӣ ба зарардида маълумотҳо пешниҳод карда шудааст.
Ба расмҳои беҳтарин иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунандагон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Иттилоъ дод,
Сухангӯйи Раёсати Ҳолати фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Шахзодабону Нуриддинзод.

МАТОЛИБИ ҲАМСОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *