17 августи соли 2021 аз ҷониби бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар доираи барномаи “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” семинари омузишӣ дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуд. Дар ин семинар 25 нафар намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, Вазорати адлия ва дигар намояндагони ҷомеаи шахри Душанбе иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва аломатҳои он презентатсия доир намуд.
Сипас, Зулфия Нуралиева оид ба фаъолияти барномаи “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” ба ҳозирин презентатсия намуд.
Додова Узбаквӣ, корманди бахши ҶҲАТ дар шаҳри Душанбе қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои намояндагони соҳаҳои гуногуни халқ бисёр муфид аст.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 19 августи соли 2021

МАТОЛИБИ ҲАМСОН