3 августи соли 2022 дар шахри Душанбе бо дастгирии Федератсияи байналмиллалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар семинар оиди банакшагирии фаъолияти ЧХАТ барои солхои 2023-2025 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ), Федератсияи байналмиллалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Салиби Сурхи Олмон ва Салиби Сурхи Италия […]Идома...
Лоиҳаи байнисарҳадӣ бо маблағгузории Вазорати Федералии рушди иқтисоди Олмон тавассути Салиби Сурхи Олмон дар 3 мамлакат (Тоҷикистон, Узбекистонва Қирғизистон) амалӣ мешавад. Марҳилаи I «Дастгирии сохторҳои институтсионалӣ дар сатҳи ҷомеаҳо бо мақсади паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар мамлакатҳои мақсадноки Осиёи Марказӣ(Қирғизистон ва Тоҷикистон)»аз соли 2013 шуруъ шуда то охири моҳи декабри соли 2016 идома ёфтааст. […]Идома...
11-12 ноябри соли 2020 дар осоишгоҳи “Сароб”-и ноҳияи Варзоб вохурӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи «Стратегияи рушди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» баргузор гардид. Дар вохурӣ кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), шарикони рушди ҶҲАТ ва намояндагони Вазорати маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва […]Идома...
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Созмони UN WOMEN амалишавии лоиҳаи хушунат нисбат ба занон, духтарон, кӯдакон ва шахсони имконияташон маҳдуд, ки ба кӯмаки ҳуқуқию моддӣ ниёз доранд, оғоз намуд. Давомнокии лоиҳа панҷ моҳро дар бар мегирад, ки он дар навоҳии Рӯдакӣ, Ёвон, Восеъ, Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Ҳисор ва Исфара татбиқ мешавад. Дар ҳошияи лоиҳаи […]Идома...
Шурӯъ аз моҳи октябри соли 2019 фаъолияти барномаи «Барҳамдиҳии бемориҳои сил дар Осиёи Марказӣ» роҳандозӣ гардидааст, ки дар ҳошияи он 100 нафар волонтёрҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар 5 ноҳияи вилояти Суғд аз ҷумла навоҳии Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Исфараву Хуҷанд бо усули хона ба хона ба 154 нафар гирифтори сили мутобиқгашта […]Идома...
Барномаи «Иттилоот ва тарғиби ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ» яке аз барномаҳои муҳими Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) буда, ҳамчунин он вазифаҳои тарғиби арзишҳои башардўстона ва принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва кор бо Маркази иттилоотии ҶҲАТ-ро ба зимма дорад. Барнома аз ҷониби Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх маблағгузорӣ мегардад. МАҚСАДИ БАРНОМА: Паҳн ва […]Идома...
Барнома яке аз шохаҳои асосии фаъолияти ҶҲАТ ба ҳисоб меравад ва ҳамеша кўшиш бар он медиҳад, ки дар барқарор намудани муносибатҳои оилаҳое, ки аз наздикони худ бедараканд, ёрии худро расонад. Дар давраи ҳисоботӣ 217 пайғоми Салиби Сурх ба маҳбасҳо ва пайвандони маҳбусҳо расонида шуд. 108 дархост аз тарафи шаҳрвандон қабул карда шуду ба дигар ҷумхуриҳо […]Идома...
Барномаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оиди хавфи минаҳо, яъне «Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо» (ОАХМ) барномаи омўзишӣ буда, баҳри коҳиш додани шумораи зарардидагон аз таркиши минаҳо, муҳиммоти нотаркида ва боқимондаҳои баъдиҷангӣ равона шудааст. Барнома аз тариқи гузаронидани тренингҳо, омўзишҳо, фаҳмонида додани қоидаҳои бехатарии рафтор дар минтақаҳои минадор, паҳн намудани варақаҳои маълумотӣ, гузаронидани озмун миёни хонандагон […]Идома...
Дар соли 2010 дар сатҳи барномаи «Беҳдоштии об» бо дастгирии Салиби Сурхи Испания 8 лоиҳаи обтаъминкунӣ дар ноҳияҳои вилояти Суғд, Хатлон интихоб гардидаанд ва фаъолияти худро оғоз намудаанд. Аз тарафи ФБҶ СС ваҲА 7 лоиҳа дастирӣ шудаанд, ки умуман 15 лоиҳа дастгирии худро ёфт. Мувофиқи нақша 15 лоиҳаи обтаъминкунии пешниҳодшуда ба анҷом расид. 20 семинари […]Идома...
Шўъбаи тибби-иҷтимоии ҶҲАТ фаъолияти худро мувофиқи нишондодҳои Дурнамои глобалии федерасионӣ оид ба тандурустӣ 2006-2010, Дурнамои миллӣ оид ба рушд 2006-2015; Дурнамо оид ба паст намудани камбизоатӣ 2007-2009, Барномаи миллии мубориза алайҳи бемории ВНМО/АНММ (ВИЧ/СПИД), Барномаи миллии мубориза алайҳи бемории сил ва Қонуни ҶТ оиди тандурустӣ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ ва сохторҳои […]Идома...