ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Бо маќсади пурзур намудани фаъолияти башардўстона ва боз њам мустањкамтар намудани барномаи Барќарорсозии робитањои оилавї (БРО) дар давоми 4 рўз, яъне аз 14 то 17 ноябри соли 2017,  ЉЊАТ ва  КБСС  бо танзимгарони минтаќавии барномаи БРО машѓулияти омўзишї оид ба  хондан ва истифодабарии «Хазинаи Маълумотњо» гузаронида шуд. Ин омўзиш аз тарафи намояндаи КБСС аз Федерацияи Россия гузаронида шуд ва акнун танзимгарони минтаќавї имконият пайдо карданд, ки ин барномаро аз худ намуда, дар фаъолияти кориашон мавриди истифода ќарор дињанд.

Рўзи охири машѓулият, яъне 17.11.2017  ба худи барномаи Барќароркунии робитањои оилавї бахшида шуда, танзимгарони барнома оиди фаъолият, муваффаќият ва камбуду мушкилоташон дар соли љорї баромад намуданд . Инчунин онњо ќоидањои дохилии барномаи мазкурро бори дигар баррасї намуда, таѓироту иловагињоро ба он пешнињод намуданд.

 

Маълумот

Барномаи Баркарорсозии Робитахои Оилавї яке аз шохахои асосии  фаъолияти Чамъияти Хилоли Ахмари Тољикстон ба хисоб рафта, њадафи асосии башардўстонаи он пайвастани робита байни аъзоёни оила ва шахсони бедарак гумшуда мебошад.   Аз сабабе, ки бештари мардуми Точикистон дар мухочирати мехнатї дар Руссия, Ќазоќистон, Олмон ва дигар мамлакатхо умр ба сар мебаранд, ба Чаъмияти Хилоли Ахмари Чумхурии Точикистон бештар оилахое меоянд ва мурочиат менамоянд, ки ба кофтукови пайвандони бедарак гумшудаашон саргардон мебошанд.

Ќайд кардан љоиз аст, ки бо љорї шудани барномаи «Њамсафар» дар љумњурї, шумораи Дархостњои Љустуљў (ДЉ)  ба барномаи Барќароркунии Робитањои Оилавї дар солњои 2016-2017 хеле зиёд шуд ва ин аз он  шањодат медињад, ки зарурияти мардум ба ин барнома њануз вуљуд дорад.

Барномаи «Хазинаи Маълумотњо» бошад, дар ин асос бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ташкил шуда, барои ЉЊАТ хеле зарур мебошад, чунки  минбаъд тамоми маълумотњо оиди Дархостњои Љустуљў  ва Пайѓомњои Салиби Сурх (ПСС) бо таври электронї нигоњ дошта мешаванд ва барои њамаи шахсони дар оянда коркунанда дастрас мебошанд. Аз њама кори бењтарин њамин аст. ки минбаъд (ДЉ ) ва (ПСС) гум намешаванд.

 

Саидумар Љононаев, корманди барномаи БРО

Санаи 17 ноябри соли 2017 дар шањри Ќурѓонтеппаи вилояти Хатлон мизи мудаввар бо намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатї дар шањру ноњияњои минтаќаи Ќурѓонтеппа ва котибони иљроияи Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) дар ин минтаќа оид ба рушд ва таќвият бахшидани њамкорињои тарафайн баргузор гардид.

Чорабиниро муовини котиби генералии ЉЊАТ Мирова Дилором Саидовна њусни оѓоз бахшида, ќайд намуд ки роњбарияти Љамъият љињати рушду ривољи њамкорињои байни ЉЊАТ ва  маќомоти иљроияи њокимияти давлатї дар шањру ноњияњои љумњурї њамаљониба саъю кўшиш ба харљ медињад. Дар чорабинї њамчунин намояндаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатї дар вилояти Хатлон ва намояндагони  дафтари Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Љумњурии Тољикистон иштирок ва баромад намуданд.

Мизи мудаввар дар сатњи баланд барпо шуда, дар он 40 нафар намоядагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатї дар 15 шањру ноњияњои минтаќаи Ќурѓонтеппа ва котибони иљроияи Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон дар ин минтаќа ва дигарон иштирок намуданд. Дар чорабинї Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўстии ЉЊАТ, Абдуљаббор Њотамов, котиби иљрояи бахши ЉЊАТ дар минтаќаи Ќурѓонтеппа, Муродљон Солиев, корманди КБСС оид ба мавзуъхои соњавї баромад намуданд.

Баъди баромадњо иштирокчиён ба ду гурўњи корї таќсим гардида, оид ба пешравию камбудињо ва роњњои таќвият бахшидани њамкорињои судманд пешнињодњои муфид пешкаш намуданд.

Дар интињои чорабинї аз љониби бахши минтаќавии ЉЊАТ ба якчанд намояндагони маќомоти иљроияи њокимияти давлатї дар шањру ноњияњои минтаќаи Ќурѓонтеппа бањри дастгирии пайваста ба фаъолияти башардўстии бахшњои ЉЊАТ сипосномањо таќдим гардид.

 

 

 

 

 

Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ЊББ-и ЉЊАТ, ш. Душанбе, 17.11.2017

Соли 1992 пас аз баргузории Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Тоҷикистон ташкилоту ҷамъиятҳои башардўст имкон пайдо намуданд, ки амалҳои хайрхоҳонаю инсондўстонаро дар Тоҷикистон амалӣ намоянд. Дар ин бора раиси ҶҲАТ Баҳодури Қурбониён ба АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт:

Шуруъ аз соли 1992 бо ташаббуси Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ)  дастгирии аҳолии аз низоъҳои дохилии мусаллаҳона зарардида ба роҳ монда шуд, ки ин далел аҳамияти ин санаи тақдирсозро  рўшантар месозад. Ҳарчанд бар асари падид омадани даргириҳо  ва  ваъияти муташанниҷ дар қатори корхонаю ташкилоти дигар кори ҶҲАТ низ камранг шуд, баъди барпо гаштани иҷлосия бо ташаббуси Ҳукумати кишвар фаъолияти он барқарор гардид. Аз ин бармеояд, ки маҳз иҷлосияи тақдирсоз ба ёрии башардўстонаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон роҳ кушод.

Дубора фаъол гардидани ҶҲАТ ва вусъат гирифтани ёрии башардўстона дар Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Раиси навтаъйини Шўрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти дар кишвар ба вуҷуд омадаро ҳаматарафа дарк намуда, барои бо ҳар роҳу восита ба мардуми азиятдида  кумак  расондан иқдом намудаанд.

Бояд зикр намуд, ки ҶҲАТ ҳамчун иқдому ташаббуси мардуми хайрхоҳ барои равнақ додани ғояҳои инсондўстӣ ва раҳму шафқат  бештар аз 90 сол боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолияти пурсамар дорад. Дар давраи  пурдаҳшати низоъҳои дохилӣ  ва замони  нави тараққиёти кишвар фаъолияти ин ҷамъият аҳамияти бузург касб намудааст.Дар он рўзҳои мудҳиш бисёр гўшаю канори кишварро қаҳтию гуруснагӣ фаро гирифт, ки баробари маҳсулоти ғизоӣ сару либос ва доруворӣ низ дар шаҳру навоҳӣ хеле камчин гардида, қисми зиёди аҳолӣ ба кумаку дастгирии башардўстона муҳтоҷ буданд.

Ҳамагӣ баъди як моҳи баргузории иҷлосия  30 декабри соли 1992 Сарвари давлат бо дарназардошти эҳтиёҷи калон ба кўмаки байналмилалӣ ба Президенти онвақтаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҷаноби Сомаруго дархости кўмак ба аҳолии мамлакат   намуда, чунин изҳор доштанд: «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паҳнкунии идеалҳои ҷаҳонии башардўстона ва хайриявӣ фаъолияти худро мувофиқи принсипҳои бунёдии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар пеш бурда истодааст».

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати кишвар бо ҷамъияти мазкур домани фаъолияти башардўстонаю хайрхоҳонаи  он васеъ гашта, аз ҷониби ташкилоту созмонҳо ва давлатҳои дигар ташаббусҳо дар ин самт роҳандозӣ шуда,  дастгирӣ ёфтанд.

Соли  1992 низоъҳои дохилии мусаллаҳона дар ҳудуди Тоҷикистон оғоз ёфтанд, ки боиси аз байн рафтани ҷони даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандон гардиданд. Аллакай дар моҳҳои аввали давраи низоъ тақрибан 600 хазор сокинони  ҷумхурӣ маҷбур шуданд, ки хонаву ҷой, молу мулки худро партофта, озими мамолики дигар гарданд. Аҳолии минтакаҳои наздисарҳадии кишвар, аз ҷумла  занону  кўдакон ва пиронсолон бо машаққати зиёд ба тариқи оммавӣ  ба кишвари Исломии Афғонистон фирор карданд. Дар ин маврид бе кумаку дастгирии башардўстона зиндагии гурезагону дармондагон имконнопазир буд. Бо шарофати талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аъзоёни Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ( ФБССва ҲА) ба онҳо  ёрӣ расонданд.

Он айём низоъҳои дохилӣ боиси буҳрони амиқи башарӣ ва иқтисодӣ гардиданд. Дар чунин давра расондани кумаки моддӣ ва тиббӣ ба гурезагон ва муҳоҷирони дохилӣ яке аз вазифаҳои асосии ҶҲАТ ба ҳисоб мерафт. Бо ташаббусҳои инсондўстонаю ватанпарваронаи  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 нуқтаҳо ва дружинаҳои санитарӣ (дастаҳои беҳдоштӣ) аз ҷониби ҷамъияти мазкур ташкил ёфта, фаъолияти хуб нишон доданд ва ба аҳолии ниёзманд кумаки ҳаматарафаи башарӣ расонданд.

Ба ҳамин минвол ҷамъияти номбурда бо дастгирии Ҳукумати кишвар марҳила ба марҳила домони фаъолияташро васеъ намуд, ки аз Иҷлосияи 16 – уми Шўрои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Солҳои  минбаъда низ  дар асоси ҳамкории судманди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ корҳои башардўстонаю хайрхоҳона густурда гардиданд.

Ҳамчунин, дар ибтидои соли 1993, вобаста ба васеъ гардидани низоъ дар ҷумҳурӣ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх  фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Тўли  чор соли аввали фаъолияти хеш дар кишвар, кумитаи мазкур дар якҷоягӣ бо ҶҲАТ дар самти расондани кумаки башарӣ ва тиббӣ барои фирориён ва бозгашти онҳо  ба Ватан фаъолияти хешро пурзур намуданд.

Ҳамин тариқ, соли 1994 Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барномаҳои васеъи башардустиро барои аҳолии Тоҷикистон, ки аз буҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ зарари ҷиддӣ дида буданд, роҳандозӣ намудааст. ФБСС ва ҲА дар ҳамкории зич бо ҶҲАТ  худи ҳамон сол дар доираи барномаҳои мазкур  дар самти расондани кумак барои гурўҳҳои ниёзманди аҳолии мамлакат кумакҳои зиёди молиявӣ намуданд.

6 ноябри соли 1997 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҳамчун ҷузъи Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар эътироф гардид.

Дар асоси ҳамкориҳои гуногунсамт ва башардўстонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Маҷлиси Олии кишвар соли 2001 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро қабул намуд, ки ин Қонун тартиби истифода ва ҳимояи аломатҳо ва номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҳамчунин аломатҳои махсусро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ўҳдадориҳои байналмилалӣ муқаррар намудааст.

Соли  2010 Қонуни навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» низ  қабул карда шуд, ки асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти ҷамъият ва шаклҳои дастгирии ҷамъиятро аз тарафи мақомоти давлатӣ  муайян намуда,  муносибатҳои мутақобилаи онҳоро дар доираи принсипҳои инсондўстӣ, хайрхоҳӣ ва беғаразӣ ба танзим даровардааст.

Қариб тамоми низоми фаъолияти ин ташкилоти башардўст ба амалҳои дасти кўмак дароз намудан ба табақаи ниёзмандон равона гардидаанд.

То имрўз ҶҲАТ   тавассути татбиқ намудани барномаҳо дар соҳаи пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатӣ ва дастгирии иҷтимоии сокинон  бо мардум ҳамкорӣ менамояд. Дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ҷамъияти мазкур  ба зарардидагони офатҳои табиӣ ва табақаҳои эҳтиёҷманди мамлакат, тавре дар муоҳидаҳои Женева пешбинӣ шудааст, кумаки саривақтӣ мерасонад ва дар ин ҷода ҳеҷ чизро дареғ намедорад. Мардуми кишвар низ кумакҳои Ҳилоли Аҳмарро дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ фаромўш насохта, аз ғояҳои инсондўстонаю хайрхоҳонаи он ҳамеша дастгирӣ менамоянд ва дар ҷодаи амалҳои нек бо он дар як саф қарор доранд.

Ҳамасола моҳи май мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011 дар саросари Тоҷикистон моҳвораи Ҳилоли Аҳмар гузаронда мешавад, ки дар он чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва маъракаҳои хайриявӣ дар фазои тантанавӣ доир мегарданд. Дар ин рўзҳои нек хурду бузурги мардуми тоҷик моро ҳамроҳӣ менамоянд, ки аз баракати сўлҳу оромии ватани азизамон – Тоҷикистон дарак медиҳад.

Самтҳои кунунии фаъолияти Ҷамъият ин омодагӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда, омўзиши аҳолӣ оид ба расонидани ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо, гузаронидани оби тоза барои минтақаҳои аз оби нўшокӣ танқисидошта, баланд бардоштани маълумотнокии муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба  масъалаҳои бемориҳои сироятӣ, тавассути баргузории курсҳои омўзишии ройгони забони русӣ, компютер ва додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, ҷустуҷўи афроди бедаракшуда ва дар ин замина барқарорсозии робитаҳои оилавӣ  тавассути шабакаҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари 190 кишвари ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳукуматии ин кишварҳо ва дар дигар самтҳо вобаста ба ниёзмандии аҳолӣ равона гардидаанд.

 

Бояд тазаккур дод, ки дар айни замон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамаи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар 69 бахш, зиёда аз 10 000 ихтиёрӣ, 9 274 аъзо ва беш аз 748 ташкилотҳои ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо метавонад фаъолияти башардўстонаи худро дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон амалӣ намояд.

16.11.2017./АМИТ «Ховар»/. 

Общество Красного Полумесяца Таджикистана в последние годы активно работает в направлении Безопасного Доступа во время оказания гуманитарной помощи в нестабильных и небезопасных условиях,  так как  одним из основных задач ОКПТ  является подготовка и реагирование  к стихийным бедствиям и чрезвычайным ситуациям. Также  в задачи организации входят предоставление первой  доврачебной помощи, воссоединение семейных связей, распространение основополагающих принципов и гуманитарных ценностей Международного Движения Красного Креста и Красного Полумесяца.

Следует отметить, что ОКПТ имеет уникальную возможность получить доступ к людям, которые  пострадали от СБ и ЧС и при выполнении своих гуманитарных задач сотрудники и волонтеры сталкиваются с опасностями, трудностями и рисками.

Как получить и сохранить безопасный гуманитарный доступ к людям и общинам в случаях ЧС?

Это была главной темой  двухдневного семинара, который прошел с 8 по 9 ноября 2017 года в Аштском районе  Согдийской области.

Данный семинар   прошел в рамках программы  «Более Безопасный Доступ во время оказания гуманитарной помощи», которая поддерживается со стороны Международного Комитета Красного Креста. В работе  семинара принял  участие Миралибеков Бехруз -  сотрудник МККК, который презентовал деятельность  МККК в Таджикистане.  

В первый день семинара  волонтеры были ознакомлены с общими принципами действий для достижения безопасности сотрудников и добровольцев ОКПТ, правилами безопасности и  обменом  информаций во время ЧС, главными элементами безопасного доступа.  Кроме того,  во время групповых работ и дискуссий участники определили  взаимосвязь этих элементов, определили  сходства и различия между стихийным бедствием и вооруженными конфликтами.

Кроме того, был показан фильм, который наглядно показывал необходимость соблюдения правил безопасности и важность соблюдения всех элементов Более Безопасного Доступа. 

Второй день семинара был полностью посвящен оказанию  Первой доврачебной помощи, где участникам были показаны практические навыки  оказания  помощи при ЧС.  После презентации каждой темы участники продемонстрировали  полученные знания на  практике.

Камолова Р. координатор программы

Back to top