ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Баргузории нишаст оид ба сабакхои омухташуда дар мавзуи «Сел ва обхези»

Рўзи 4 ноябри соли 2017, дар толори Анри Дюнани Дастгоњи иљроияи Кумитаи марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) нишаст оид ба сабаќњои омӯхташуда (DREF MDRTJ026) дар мавзӯи «Сел ва обхезӣ» дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд баргузор гардид. 

Дар ин чорабинї сардорон ва кормандони шуъбаҳои дахлдори ДИ КМ ЉЊАТ, намояндагони Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССваҲА), Салиби Сурхи Олмон ва ҳамоҳангсозони МВҲФ-и ЉЊАТ иштирок намуданд. Дар нишасти мазкур, инчунин сардори ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва раиси маҳаллаи деҳаи зарардидаи Амондара иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинї – ин шиносии иштирокчиён оид ба фаъолият дар самти њолатњои фавќулода ва сабаќњои омӯхташуда аз он буда, ҷалби таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҶҲАТ, ба вижа дар ҳавзаи омодагии изтирорӣ ва посух ба офатњои табиӣ буд.

Сараввал, чорабиниро сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ЉЊАТ - Шуҳрат Сангов њусни оѓоз бахшида, доир ба фаъолият ва пешрафти ҷамъият дар самти њолатњои фавќулода суханронї намуд.

Сипас, масъули барномаҳои ҳолатҳои фавқулодаи намояндагии ФБҶ СС ва ҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шамсидин Муҳудинов оид ба пешравиҳо ва камбудиҳои ҷойдошта ҳангоми вокуниши зерин баромад намуд.

Њамчунин, дар ин чорабинї Умедалї Сайдуниев - муттахасиси шуъбаи њолатњои фавќулодаи ЉЊАТ, Абдумаљид Бозоров – котиби иҷроияи бахши ЉЊАТ дар шањри Панљакент, майор Парвиз Амонов - сардори ситоди Кумитаи њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд баромад ва суханронї намуданд.

Фаъолиятҳо, вокунишҳо ба ҳолатҳои фавқулода, чолишҳо, ва нақшаҳои соли 2018 низ дар нишасти мазкур баррасӣ гардид.

Шуҳрат Сангов, Сардори шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ЉЊАТ, ширкатдорони нишастро, ҳамчунин, бо нақшаҳои шӯъба барои соли 2018 низ шинос кард. Ӯ гуфт, ҷамъият дар ин сол низ ёрии худро ба мардуми осебпазир идома дода, ба боло бурдани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва мактаббачаҳо аз офатҳои табиӣ ва роҳҳои ҷилавгириву коҳиши хатароти онҳо, амният дар роҳҳо, лоиҳаҳои митигатсионӣ, тағйири иқлим, тақвияти тавоноии Ҷамъият ва ҷомеа дар самти омодагӣ ва вокуниш ба офатҳо ва ғайра таваҷҷӯҳ хоҳад кард.

Масъулон ва ҳамоҳангсозони ҶҲАТ оид ба ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин, низомнома ва талаботи гузоришдиҳӣ, қонунгузориҳои байналмилалии ҳолатҳои фавқулода, таҳияи нақшаҳои корӣ ва баргузории иқдомҳо, ва ҳамчунин, стротежии анҷоми барномаву лоиҳаҳоро баррасӣ намуданд. 

Бояд ёдовар шуд, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сели шадид, ки рўзи 26 июни соли 2017 рух дод, зиёда аз 140 оилаҳои деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент зарар диданд. Кормандону ихтиёриёни ҶҲАТ аз соатҳои нахустини офат фаъолияти вокуниширо оғоз намуданд. 

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо истифода аз Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ДРЕФ), ҷиҳати ироаи маводҳои ғайрихӯрока ба оилаҳои осебдида ва ниёзманди деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд мусоидат намуд.

Баҳогузории вазъ дар ҳамкории наздик бо мақомоти маҳаллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони ҷамоатҳо гузаронида шудааст. Бо назардошти вазъ, ин дархости ДРЕФ барои харидорӣ, интиқол ва тақсими маводи ғайрихӯрока ба осебпазиртарин оилаҳои деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент масраф гардид. Раванди ин амалиёт тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллӣ ва раҳбарони ҷамоатҳо амалӣ гардид. 

Рӯзи 17 июли соли 2017, дар чаҳорчӯбаи ин кӯмак, ҶҲАТ дар маҷмӯъ ба 83 хонадон (415 нафар) ёрӣ расонид. Ин кўмак аз лињози бистар, кампал, болишт, рахти хоб, асбобҳои сохтмонї, бел, каланд, бастаи гигенї ва маводҳои ошхона иборат буд.   

Дар чаҳорчӯбаи ин фаъолият, ҳамчунин, ба ҳамаи 140 хонадон, ки аз омадани сел осеб дида буданд маводҳои хӯрока, ки бо дастгирии Салиби Сурхи Олмон харидорӣ шуда буданд ва бастаҳои гигиенӣ дар доираи лоиҳаи ДРЕФ дастрас карда шуданд. ҶҲАТ, ҳамчунин, барои баланд бардоштани сатҳи огаҳии мардум доир ба беҳдоштӣ низ саҳми худро гузошт.

Ёриҳои мазкур бо назардошти ниёзҳои мардуми зарардида ва тибқи меъёрҳои интихоби баҳрагирандагон, ки бо мақомоти маҳаллӣ, намояндагони маҳаллаҳо, ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, тақсим шуданд. 

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи мазкур, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар диданду манзилҳои истиқоматияшонро аз даст доданд, оилаҳое, ки саробонашон зан, солхӯрдаҳо, кӯдакони хурдсол, ва ҳамчунин, оилаҳое, ки бо ёриҳои ниҳодҳои дигар фаро гирифта нашудаанд, ёрӣ расонида шуд. 

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, ш. Душанбе, 08/11/2017

Back to top