ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Чорабинии хайрияви тахти унвони "Бо ҳам бошем»

Cанаи 7 ноябри соли 2017,  дар бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рузи Конститусияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон,  Рузи Президент ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии хайрияви  тахти унвони "Бо ҳам бошем"  баргузор шуд.

Дар чараёни он аз ҳисоби маблағҳои  ҷамъшуда  аз баргузории  консерти хайриявӣ  ба даст омада, ки санаи 31.10.2017 сол бо дастгирии бевоситаи Раиси вилоят мӯҳтарам Абдурахмон Қодирӣ  бо иштироки як қатор сарояндагони шинохта, мисли Рустам Исоев,  Шодмон Сулаймони, Хасани Ҳайдар, Шукух Иброхимов дар театри масхака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, баргузор шуда буд, ба 60 (шаст) нафар  шахсони ниёзмандон,  пиронсолони яккаву танхо  ва дигар бастаҳои маводи озуқа аз қабили орд, 10 кг, макарон 5кг, рувған 3 кг, гречка 2 кг, шакар 2 кг, чой хушк ва ғайра ки хар яке бастаҳои маводи хурока   бо арзиши  154 (яксаду панчоху чор)  сомониро ташкил мекард, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ва Роҳбарияти ДИ КМ ҶҲАТ дар бахши вилоятии ҶҲАТ  такдим карда шуд.

Ёров Аълохон, намояндаи бахши ҶҲАТ дар виояти Сугд  

Back to top