ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Ба муносибати рузи кудакон, ки имруз дар саросари чахон чашн гирифта мешавад, Ҷамъияти ҲилолиАҳмариТоҷикистон (ҶҲАТ) бањри болидасозии рўњияи кўдакони гирифтори бемории сил иқдоми навбатии худро анљом дод.

Ин иќдом субњи 1 июни соли 2018 дар Беморхонаи кўдаконаи бемории сил дар шањри Душанбе баргузор гардид.

Дар иќдом кормандон ва волонтёрони Кумитаи Марказии ЉЊАТ ва бахши ЉЊАТ дар шањри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.

Бањри болидасозии рўњияи кўдакони гирифтори бемории сил намояндагони ЉЊАТ мизи ширинињо омода намуда, ба кўдакон ширинињо ва дигар маводњои хўроквориро таќдим намуданд.

Бояд ќайд намуд, ки Рӯзи байналмилалии кӯдакон (Рӯзи кӯдакон) њамасола 1 июн дар тамоми љањон љашн гирифта мешавад. Он моҳи ноябри соли 1949 дар Париж бо ќарори Конгресси Федератсияи Демократии байналмилалии занон ба тасвиб расида, аз соли 1950 то инљониб ҷашн гирифта мешавад.

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, ш. Душанбе, 1 июни соли 2018

Бахшида ба санаи  1- Июн Рўзи Байналмиллалии њифзи кўдакон ва  љамъбасти  Моњвораи Њилоли Ањмар санаи 30 май чорабинии тантанавї дар мактаби тањсилоти умумии №5 шањри Хуљанд бо иштироки васеи устодон ва хонандагони синфњои болої баргузор гардид.  Чорабинии мазкур тибќи наќша чорабинии бахши Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) дар шањри Хуљанд гузаронида шуд.

Сарравал, доир ба моњияти баргузории Моњвора, таърихи пайдоиши Њаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар, фаъолияти бахши вилоятии ЉЊАТ кормандон ва волонтерон баромад намуданд.

Сипас, Муборак Негматова – котиби иљроияи бахш дар шањри Хуљанд оид ба манбаи даромади Њилоли Ањмар маълумот пешнињод намуда афзуд, ки имрўз бахшида ба Рўзи кўдакон ба як зумра хонандагон  тўњфањо ба намуди маводи ѓизої таќдим мешаванд. Боиси ќайд аст, ки ин бастањо бо дастгирии худи хонандагони мактаби мазкур, яъне бо тариќи дастрас намудани маркањои хайриявии Њилоли Ањмар  омода шудаанд.

Баъдан волонтерон бастањои маводи ѓизоиро аз ќабили биринљ, равѓан, шакар, орд ва чойи хушк, инчунин ширинињоро ба  њамсабаќони худ - хонандагони синфњои поёнї,  ки аз оилањои ниёзманд мебошанд, таќдим намуданд.

Бояд ќайд намуд, ки ширинињо аз љониби нонвойхонаи иљтимоие, ки дар назди бахши вилоятии ЉЊАТ фаъолият мебарад, пешнињод гардиданд.

Дар охир якчанд хонандагони мактаб изњор намуданд, ки дар ваќти таътили тобистона мехоњанд њамчун  волонтер дар бахши ЉЊАТ фаъолият намуда, барои рушди љамъият сањмгузор бошанд.  

 

Камолова Р. – масъули иттилооти бахши ЉЊАТ дар вилояти Суѓд

30 майи соли 2018 дар Кумитаи марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) мизи мудаввар бо намояндагони васоити ахбори омма (ВАО) дар мавзуи «Барќарорсозии робитањои оилавї» баргузор гардид.

Дар чорабинї намояндагони рўзномаву маљаллањо, радиову сомонањои миллии Љумњурии Точикистон ва кормандони ЉЊАТ иштирок намуданд.

Чорабиниро роњбари Дастгоњи иљроияи Кумитаи Марказии ЉЊАТ Назир Азимзода њусни ифтитоњ бахшида, аз љумла чунин ќайд намуд, ки «Ќобили зикр аст, ки солњои охир дар шањру ноњияњои Љумњурии Тољикистон бар асари зиёд шудани шумораи муњољирони мењнатї масъалаи кандашавии робитањои оилавї афзуда, дар натиља боиси ќазияњои зиёд гардидааст. Вобаста ба ин ќазияи мазкур Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон низ бетараф нест. ЉЊАТ њамеша оид ба њалли ин гуна масоилњои мубрами рўз, тавассути барномањои худ ба ниёзмандон пайваста дасти кўмаки худро пешкаш менамояд».  

Дар чорабинї њамчунин намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ки сарпарасти  барномаи «Барќарорсозии робитањои оилавї» мебошад, иштирок ва баромад намуданд.

Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўстии ЉЊАТ оид ба Њаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар ва фаъолияти ЉЊАТ ба њозирин баромади мухтасар намуда, ба суолњои намондагони ВАО посух дод.

Баъди баромадњои муњассилини ЉЊАТ баррасии суолу љавобњои намояндагони ВАО оѓоз гардид, ки муњассилини соња ба њамаи суолу љавобњои иштирокчиён љавобњои мушаххас доданд.

Нодир Аминзода, масъули иттилооти ЉЊАТ, ш. Душанбе, 30 майи соли 2018

 

       

25 майи соли 2018 дар маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон шањри Хоруг бахшида ба Мохвораи Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) иќдоми  љамъоварии маблаѓ баргузор гардид. Иќдом бо кўмаки волонтерони ЉЊАТ  дар шањри Хоруг  баргузор гардида, дар он зиёда аз 50 ихтиерї  дар муддати  3 соат  бо роњбарии кормандони ташкилотхои вилоятї ва шањрї  ба гуруњњо људо шуда, дар њамаи мањалањои шањр сафарбар шуданд. Дар натиља 6652 сомонїљамъоварї шуд, ки ин маблаѓро барои моњи шарифи Рамазон  бањри дастгирї намудани кўдакони иллатноке, ки  дар  љамъияти «НУР» номнавис  шудаанд,  дар наќша дорад.

Маркази иттилоотии ЉЊАТ дар ВМКБ, ш. Хоруѓ, 28 майи соли 2018

Back to top