ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Дар минтаќањои наздисарњадии Љумњурињои Тољикистон ва Ўзбекистон минањои зидди пиёдагард  мављуд буда,  хатари онњо њоло њам масъалаи рўзмарра ба  њисоб меравад. Чунки одамон, ба хусус кўдакон,  њангоми зироаткорї, чорводорї, њезумчинї, алафдаравї ва дигар машѓулиятњои сањрої дар минтаќањои зањролуд  метавонанд њалок ва ё маъюб гарданд. Сабаб дар он аст, ки бисёрии онњо аломатњои вуљуд доштани хатарро намедонанд.

Бахши Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон дар вилояти Суѓд  бо маќсади пањн намудани маълумот доир ба хатари минањо ва  коњиш додани хавфи хатар фаъолияти барномаи «Огоњонидани ањолї аз хатари минањо»-ро ба роњ мондааст. Барномаи мазкурро волонтерон  бо дастгирии Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх дар шањру навоњии Исфара, Конибодом, Ашт, Панљакент, Айнї, Шањристон ва Бобољон Ѓафуров пеш мебаранд.   

Тибќи наќша – чорабинињои бахши вилоятии ЉЊАТ бахшида ба Моњвораи Њилоли Ањмар дар давоми моњи май  байни хонандагони мактабњои тањсилоти умумии шањру навоњии маќсаднок озмуни расми бењтарин гузаронида шуд.  

Љоиз ба ќайд аст, ки дар озмун мактаббачагон фаъолона иштирок варзида фикру мулоњизаи худро доир ба хатари минањоро ба воситаи расмњои худ инъикос намуданд.

Дар љамъбасти озмун барои њар як шањру навоњї 8 љои ифтихорї муайян гардид. Яъне, 1 љои аввал, 2 љои дуввум, 3 љои севвум ва 2 љой барои иштироки фаъолона. Хамаи љоизадорон бо тўњфањои хотиравї ќадрдонї шуданд.

Бояд ќайд намуд, ки баргузории озмун имконият фароњам овард, ки хонандагон дониши худро доир ба хатари минањо, аломатњои хатар ва рафтори бехатар дар минтаќањои хавфнок такмил дињанд.

Камолова Р. – масъули иттилооти бахши ЉЊАТ дар вилояти Суѓд

Санаи 23 май соли 2018 аз тарафи волонтёрони Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба "Рузи ҷавононӣ Тоҷикистон" ба меҳмонон ва шаҳрвандон оби нушокии ташнашикан дар арафаи рафти моҳи шарифи Рамазон тақсим карда шуд.

Инчунин варақаҳои иттилооти доир ба тарзи ҳаёти солим, пахн нашудани бемориҳои сирояти, оиди дуруст расонидани кумаки аввалияи то духтурӣ зиёда аз 5000 ададварақаҳоро волонтерон, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилояти Суғд ройгон тақсим намудаанд.

 

 

Санаи 22 майи соли 2018 аз тарафи барномаи «Рушд ва идоракунии ихтиёриён»-и бахши Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) дар минтаќаи Кўлоб бахшида ба Рўзи љавонон иќдоми иттилоотї гузаронида шуд.

Дар ин иќдом ихтиёриёни бахш дар боғи истироҳатию фарҳангии шаҳри Кулоб, кўчаю хиёбонҳо  баромада, ба ањолии шањр, хусусан ба љавонон ва мактаббачагон корњои тарѓиботию фањмондадињї гузаронида ба онњо  буклету брошурањо таќсим намуданд.

Инчунин  дар ќасри фарњанги шањри Кўлоб чорабинии фарњангї, ки аз тарафи бахши  кор бо љавонон ва варзиши шањри Кўлоб ташкил карда шуда буд, ихтиёриёни бахши ЉЊАТ дар минтаќаи Кўлоб фаъолона иштирок намуданд.

М. Мањмадалиева, корманди бахши ЉЊАТ дар минтаќаи Кўлоб                      

 

 

Тибқи нақша-чорабиниҳои барномаи «Огоҳкунии аҳолї аз хатари минаҳо» дар се ноҳияҳои назди сарҳадии  Шамсиддин Шоҳин, Фархор, Муъминобод ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ озмуни расмкаши дар мавзуи «Хатари минаҳо» дар байни муасиссаҳои таълимии минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон  эълон карда шуда буд.

Санаи 21 май соли 2018 дар ноҳияиҳои мазкур ин озмун натиҷагирї карда шуда, барои ишғоли љойҳои намоён аз тарафи барномаи «Огоҳкунии аҳолї аз хатари минаҳо»-и бахши ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоб ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Комил Худойдодов, корманди бахши ЉЊАТ дар минтаќаи Кўлоб           

Back to top