ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Санаи 8 августи соли 2018, кормандони бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд, баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ, кўчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангию мавзеъҳои истироҳатӣ, инчунин тоза намудани маҳалли зист аз партовҳо ҳар ҳафта рўзҳои шанбею якшанбе ҳашарҳои умумишаҳрӣ бо иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Бинобар ин намояндагони Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд бо волонтёрон тасмим гирифтанд, ки то баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе, ҳашарҳо гузаронида, гирду атрофи Бахшҳои ҶҲАТ-ро дар шахру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидои он аз партовҳо тоза намуда, ҳиссаи худро гузоранд.

Рўзњои 01-03 августи соли 2018 дар осоишгоњи «Эдем»-и дењаи Ќаротоѓи шањри Турсунзода аз љониби Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) семинари омўзишї оид ба њуќуќи байналмилалии башардўстї баргузор гардид. Дар ин чорабинї 25 нафар намояндагони Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соњаи маориф, омўзгорони фанни њуќуќ ва таърихи муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон ва њамчунин кормандони масъули ЉЊАТ иштирок намуданд.

Дар нимаи якуми рўзи аввали семинар Нодир Аминзода, њамоњангсози барномаи «Иттилоот ва њуќуќи байналмилалии башардўсти»-и ЉЊАТ оид ба таъриху фаъолити Њаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар, Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) ва аломатњои Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар баромадњо намуда, оид ба ин мавзуъњо филмњои мустанад намоиш дод.

Сипас, Раљабов Саидумар, доктори илмњои њуќуќшиносї, профессор, Сардори шуъбаи байналмилалии Донишкадаи философия, илм ва сиёсати ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 6 мавзуъхои мубрам ба њуќуќи байналмилалии башардўстї (ЊББ) баромадњои мушаххас намуд.

Махсусан дар ин семинар оид ба асосхои ҲББ, мафхум, сарчашмахо, принсипхо ва намудњои он, муоњидањои Женева ва њимояи ќурбониёни љанг, усулњо ва воситањои пешбурди амалиёти њарбї, њимояи махсуси занон ва кўдакон зимни низоъњои мусалањона, њимояи њуќуќи кўдакон мутобиќи меъёрњои ЊББ, њифзи ҳуқуқҳои инсон дар давраи низоъњои  мусаллаҳона, оќибатњои ҷиддии вайронкунии меъёрњои ЊББ, татбиқи меъёрҳои ЊББ дар кишварҳои ИДМ ва Тоҷикистон бо пахши филмњои  дарсї ба иштирокчиён маълумотњо пешкаш гардиданд. 

Яке аз иштирокчии ин семинар Муродов Миррањим, корманди филиали Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соњаи маориф дар шањри Хуљанд ќайд намуд, ки баргузории чунин чорабинї барои ў бисёр мухим буда, бахри баланд бардоштани маълумотнокии иштирокчиён мусоидат хохад намуд.

Умуман дар муддати 3 рўз иштирокчиён аз шањру ноњияњои гуногуни љумњурї тавонистанд дониши худро оид ба ин мавзуъи мубрами рўз васеъ намуда, њамчунин мубодилаи таљриба намоянд. 

Нодир Аминзода, масъули иттилооти ЉЊАТ, 03.08.2018

Дар бахши вилоятии Љамъияти Хилоли Ањмари Тољикистон  санаи 23.07.2018 сол љаласаи навбатии кормандон баргузор гардид, ки дар он  ќарору супоришњо ва вазифањо, инчунин наќшаи фаъолият  дар нимсолаи дуввуми соли љорї баррасї гардид.  Бояд ќайд намуд, ки чанде пеш  дар шањри Душанбе  љаласаи љамъбастии  фаъолияти нимсолаи Раёсати Дастгоњи Иљроияи КМ ЉЊАТ барпо гардид. Дар он Президенти ЉЊАТ ва котиби генералї баромад намуда доир ба сазовор пешвоз гирифтани 30-Солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон ва пеш бурдани корњои созандагиву ободкорї гуфта гузаштанд.

Зикр намудан љоиз аст, ки бахши ЉЊАТ дар вилояти Суѓд яке аз бахшњои фаъол ба њисоб рафта дар самти зиёд намудани теъдоди аъзоёну волонтерон, баргузории чорабинињои хайриявї, љалби маблаѓњои хайриявї ва дар умум пањни иттилоот доир ба фаъолияти ЉЊАТ њамарўза корњои зиёдеро  ба анљом мерасонад.  Чї тавре, ки Парвиз Љабборзода – котиби иљроияи бахш дар баромади худ ќайд намуд:  «Мо дар давлати тинљу осоишта, дар давлати соњибистиќлол кору зиндагонї дорем. Шукри сулњу амният ва фазои ором намуда бояд љашни таърихиро сазовор, бо дастовардњои дучанд пешвоз гирем. Њар як корманд,  аъзо ва волонтери Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон бояд њиссаи худро барои пешрафти љамъият, љомеа ва шањру навоњии худ гузорад».

Дар охири љаласа чунин ќарор ќабул карда шуд, ки то љашни Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон  њар њафта ду маротиба рўзњои чоршанбе ва шанбе дар 18 бахшњои шањриву навоњии ЉЊАТ шанбегї гузаронида шавад. Дар шанбегињо аъзоён, волонтерон, намояндагони љамоатњо, кумитањои мањалла, ташкилотњои давлативу  ѓайридавлатї ва дигар шарикон љалб карда шаванд.

Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабнињо барои баланд бардоштани њисси  ватандўстии љавонон, кўмак ба якдигар ва пањн намудани иттилоот доир ба фаъолияти Њилоли Ањмари Тољикистон мусоидат менамоянд.

Камолова Р. – масъули иттилооти бахши ҶҲАТ дар вилояти Суѓд   

19 июли соли 2018 дар толори Дастгоњи Иљроияи Кумитаи Марказии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) љаласаи Раёсати Кумитаи Марказии ҶҲАТ оид ба љамъбасти нимсолаи аввали соли 2018 баргузор гардид.

Дар љаласа аъзоёни Раёсати Кумитаи марказии ҶҲАТ, кормандони Дастгоњи иљроияи Кумитаи Марказии ЉЊАТ, бахшњои вилоятї, минтаќавї ва шањру ноњияњои тобеи марказ иштирок намуданд.

Љаласаро Президенти ҶҲАТ Ќурбонов Саид Сафарович њусни оѓоз бахшида, оид ба масъалањои баррасишавандаи љаласа мутобиќи рўзнома маълумот дод.

Мутобиќи рўзномаи љаласа Котиби Генералии ЉЊАТ Бањодур Ќурбониён оид ба фаъолияти ЧХАТ дар нимсолаи аввали соли 2018 баромади муфассал намуд.

Сипас, Мирова Дилолром Саидовна, муовини Котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиљаи баргузории Моњвораи Ҳилоли Ањмари Тољикистон дар соли 2018 баромад намуд.

Азимзода Назир, роњбари Дастгоњи иљроияи Кумитаи Марказии ЉЊАТ дар бораи иљрои наќшаи кори Дастгоњи иљроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ дар соли 2018 баромади мухтасар намуд.

Ҳамчунин, Аскаров Содиќ дар бораи аз тавозуни ҶҲАТ баровардани автомобилњое, ки дар музояда бароварда фурўхта шуданд, баромад намуд.

Ҳамаи масъалањои баррасишуда, аз љониби аъзоёни Раёсати КМ ҶҲАТ ќабул ва тасдиќ гардиданд.

Дар интињои љаласа Президенти ҶҲАТЌурбоновСаидСафарович барои бењтар намудани иљроиши наќшањои буљљаи бахшњо, фаъолияти Дастгоњ ва шуъбањои он, њамчунин оид ба дигар фаъолияти оинномавї диќќати махсус дода, дастур дод, ки љињати фаъолияти самарабахш њамаљониба кўшиш намоянд.

  

Маркази иттилоотии ЉЊАТ, ш. Душанбе, 19/07/2018

Back to top