ш.Душанбе, кч. У. Хайём 120,
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734017
(+992 37)224 03 74

E -mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

11 май аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон дар остонаи фарорасии моҳи мубораки Рамазон кӯмакҳо дастрас карда шуд.

Зимни суханронии хеш котиби иҷроияи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода аз ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимони кулл ибрози назар намуд.

Қайд карда шуд, ки дар ин рӯз аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба кӯдакони ятиму бепарастор 80 адад пойафзоли мардона, 40 адад пойафзоли занона ва 104 адад сару либоси баҳорона тақдим карда шуд. Инчунин баҳри фароғат ва истироҳати кӯдакону наврасон 1 адад телевизори муосир ҳадя карда шуд.

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Даврон Муҳаммадзода низ оид ба ғамхории давлату Ҳукумат ба ятимону бепарасторон ёдовар шуда, қайд намуд, ки бояд бо истифода аз фурсати муносиб ҷавонон илму ҳунарҳоро аз бар намуда, ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба камол расанд.

Хотиррасон менамоем, ки  ин амали хайр  дар доираи таҷлили Рузи умумљањонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо дастгирии доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ амали шуд ва њамчунин, дар нақша ҳаст, ки ба муассисаҳои иҷтимои ноњияњои Кўхистони Мастчох ва Айни хамин гуна кӯмакҳо дастрас карда шаванд.

8 майи соли 2018, бахшида ба Рўзи умумиљањонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар  ҷамоати Сурхи деҳаи  Сароби шаҳри Исфара  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №26 ба номи А. Азимов кушодашавии майдонҷаи хурди варзишї барои ҷавонон  бо иштироки муовини Раиси шаҳри Исфара Бобоиён  М., муовини аввали котиби генералӣ ҶҲАТ Файзализода Нурулло, намояндаи Салиби Сурхи Олмон дар вилояти Суғд Маҳмудов Парвиз, Намояндаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар вилояти Суғд Яқубҷонов Исмоилҷон ва дигарон иштирок варзидаанд.  Сараввал мехмонон сухан карда миннатдории худро оиди ба истифода додани варзишгох аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Исфара расонида, бо идҳои ҷашни табрик намудаанд.   

Сипас котиби иҷроияи  бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Ҷабборзода П.А. меҳмононро ҳайрамақдам намуда дар бораи барномаҳои амалишудаистода, корҳои ба анҷом расида ки дар мудати панҷ сол аз тарафи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, (КБСС) ва (ССО)  дар шаҳри Исфара рафта истодааст маълумоти мухтасар дода, оиди таърих ва  пайдоиши ҳаракат  вазифаҳои он гузориш дод. Дар охир   иштирокчиён,  меҳмононро  бо санаҳои таърихи Рузе таъсисёбии Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар,  73-умин  солгарди Ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватани бар зидди фашизм аҳли нишастро табрик карда,  дархост намуд, ки ҳамаи мардуми сарбаланди ҷамоат ва деҳаи мазкур сиёсати сулҳҷӯёна, ободкорона ва пешгирифтаи Пешвои милат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Милли, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дастгири намуда барои ободии кишварамон саҳми худро гузаронанд.

Баъди баргузории барномаи фарҳангї, ки аз тарафи волонтерҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  намоиш дода шуд,   ба иштирокчиён, шахсони фаъоли деҳа, сохтмончиён  ва аъзоён аз номи Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Исфара  тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

  

Маркази иттилоотии ЉЊАТ дар вилояти Суѓд

8 майи соли 2018 дар Радиои Тољикистон баромади Котиби генералии Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон (ЉЊАТ) Бањодур Ќурбониён, кормандони ЉЊАТ ва намояндаи Дафтари КБСС дар Тољикистон Муродљон Солиев баргузор гардид.

Баромади мазкур бахшида ба Рўзи умумиљањонии Салиби Сурх ва Њилоли Ањмар ва Моњвораи Љамъияти Њилоли Ањмари Тољикистон ташкил карда шуда, дар он оид ба кору фаъолияти ин ташкилотњои башардўст тавассути суолњои шунавандагон маълумотњои муфассал пешнињод гардид.

Бояд ќайд намуд, ки ибтидоан аз соли 1953 њамасола 8 май њамчун Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар саросари љањон таҷлил карда мешавад.

Нодир Аминзода, масъули иттилооти ЉЊАТ, ш. Душанбе, 8 майи соли 2018

Бахшида ба «Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» санаи 4-майи соли 2018 мизи мудаввар дар доираи барномаи «Огоҳкунии аҳолї аз хатари минаҳо» дар бахши ҶҲАТ дар минтақаи Кӯлоб гузаронида шуд.

Дар ин чорабинї кормандон ва ихтиёриёни барномаи «Огоҳкунии аҳолї аз хатари минаҳо» бахши ҶҲАТ дар минатақаи Кӯлоб, намояндагон аз раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ дар минтақаи Кулоб, маориф, кормандони ҷамоатҳои ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Мир Сайид Алии  Ҳамадони, Фархор ва кормандони ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод иштирок намуданд. 

Мақсад аз гузаронидани ин чорабини наздик намудани ихтиёриён ва кормандони барнома бо макомотхои давлати ва мустахкам намудани хамкории зич бо онхо дар самти огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимотҳои нотаркидаи ҷангї мебошад.

Комил Худойдодов, корманди бахши ҶҲАТ дар минтақаиКӯлоб                                            

 

 

Back to top